Тӯраҷонзода аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят бурданист

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нисбат ба гуфтаҳои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки ӯро ба гузаштан ба мазҳаби шиа гунаҳкор карда буд, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурданист. Тӯраҷонзода исрор мекунад, ки изҳороти аз номи Шӯрои уламо интишоргардида бо аъзои он мувофиқа нагардида, онҳо онро дастгирӣ накардаанд. Имрӯз ба намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеи […]

Темур Варқӣ


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нисбат ба гуфтаҳои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки ӯро ба гузаштан ба мазҳаби шиа гунаҳкор карда буд, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурданист.

Тӯраҷонзода исрор мекунад, ки изҳороти аз номи Шӯрои уламо интишоргардида бо аъзои он мувофиқа нагардида, онҳо онро дастгирӣ накардаанд.

Имрӯз ба намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеи Муҳаммадияи ҷамоати Туркободи ноҳияи Ваҳдат ҷиҳати шиносоии ибоаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими мазҳаби шиа «Ошӯро» гунаҳкор дониста мешавад, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов омаданд.

Аммо издиҳом бо фарёдҳои ғазабнок ба раиси Шӯрои уламо имкони суханронӣ надод. Пас аз ин раиси Шӯрои уламо масҷидро тарк гуфт.

Дар ҳамин ҷо раиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддин гуфт, рӯзҳои наздик шояд мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шавад.

Зимни суханронӣ дар намози ҷумъа миёни якчанд ҳазор намозгузорон Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба барангехтани нифоқ миёни мусулмонон гунаҳкор кард. Ӯ изҳороти Абдуқодирзодаро иғвогарӣ хонда, ӯро ба ҷонибдорӣ ба салафия айбдор кард.

Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон Тӯраҷонзода гуфт, имрӯз унвонии ӯ даҳҳо хабар расидааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, имом-хатибон супориш гирифтаанд, ки дар намози ҷумъа ибодаткунандагонро бо изҳороти Шӯрои уламо шинос намоянд. Ӯ қайд кард, ки маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» бо занҷирзаниии худ, ки оилаи ӯро ба он айбдор кардаанд, ҳеҷ гоҳ дар масҷиди Муҳаммадия баргузор нашудааст.

«Дар ҷараёни намоз мо танхо аз номи набераи пайғамбар Муҳаммад (с) Имом Ҳусейн ёдовар шудем ва ин танҳо шарҳу тавзеҳи далели марги ӯ буд. Ёдоварӣ кардан аз Имом Ҳусейн мухолифи мазҳаби ҳанафӣ нест. Ба ин монанд ёдовариҳо муддати аллакай 50 сол аст, ки дар оилаи Тӯраҷонзода сурат мегирад», – изҳор кард Тӯраҷонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаи Қозии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи асосии шаҳри Душанбе низ чуни маросими ёдоварӣ доир мегардид. Дар масҷиди Муҳаммадия аз ин маросим тӯли 12 сол аст, ки ёдоварӣ мекунанд.

Дар изҳорот ба ибодаткунандагон Эшон Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷонибдори сулҳу суботи ҷумҳурӣ будан ва дастгириашон ба президентро таъкид сохта, аз ибодаткунандагон даъват ба амал оварданд, ки сабру таҳаммулро аз даст надода, фирефтаи иғвогариҳо нашаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.