Бо як қатор суханрониҳои интиқодӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, феълан номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарифов табъи гурӯҳҳои муайянеро хира кард ва аз ин рӯ, қарор шуд, ки ӯро ба «бадарғаи ифтихорӣ» ба парлумон фиристанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигори шинохта ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат чунин ибрози андеша намуда, изҳор кард, ки ба пирӯзии С.Шарифов дар интихобот, ки рӯзи 18-уми декабр баргузор мешаванд, ҳеҷ шакку шубҳае надорад.
Ба ақидаи ӯ, тайи соли ахир дар изҳороти зиёди худ С.Шарифов нишон дод, ки ӯ нисбат ба ҳалли мушкилот назари мустақили хешро дорад. «Ӯ мансабталош нест, ки ба ҳамаи чиз чашмонашро пӯшаду худро нодида гирад», – гуфт ӯ.
Н.Давлат мӯътақид аст, ки ба ивази Шарифов шахсе сари мансаб хоҳад омад, ки ӯро дарҳол ба «на мисли роҳбари пешин, балки ба тарзи дигар рафтор намудан» ҳушдор хоҳанд дод.
«Ба ивази ӯ шояд сиёсатшинос Рустам Ҳайдаров ё директори пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов ва ё каси дигар сари мансаб ояд», – тахмин мекунад вай.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки дар ҳукумати Тоҷикистон мақом ва нақши Маркази тадқиқоти стратегиро ба хубӣ дарк намекунанд, зеро дарк намекунанд, ки умуман илм, бахусус иқтисоду стратегияи ҷаҳонӣ дар замони муосир барои чӣ зарур аст.
«МТС барои ҳукумат бояд «маркази ақлонӣ»-е мешуд, ки дар он ҳайати шахсии зиёди олимон бо музди меҳнати арзанда ифои вазифа мекарданд. Аз ин рӯ ба назарам, Маркази мазкур дар Тоҷикистон ба хотири фиреби назар вуҷуд дорад, ҳарчанд дар он кормандони болаёқату арзанда машғули коранд», – афзуд коршинос.


