Прокурори генералии ҶТ: Афғонистон ҳабси ҳавопаймоҳоро дархост кард

Парвандаи халабонони хориҷӣ, ки чанде қабл аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкум шуданд, ҷинояти оддӣ буда, дар тамоми ҷаҳон барои содир намудани он ҷазо дода мешавад ва мисли чанде аз ВАО ба он ангезаи сиёсӣ додан зарур нест, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ЧТ Шерхон Салимзода. Ӯ ҳолатҳои воқеии қазияи мазкурро шарҳ […]

Наргис Ҳамробоева


Парвандаи халабонони хориҷӣ, ки чанде қабл аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкум шуданд, ҷинояти оддӣ буда, дар тамоми ҷаҳон барои содир намудани он ҷазо дода мешавад ва мисли чанде аз ВАО ба он ангезаи сиёсӣ додан зарур нест, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ЧТ Шерхон Салимзода.

Ӯ ҳолатҳои воқеии қазияи мазкурро шарҳ дод. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки ду ҳавопаймои навъи Ан-72 дар ягон давлат ба қайд гирифта нашудаанд, захираҳои кории парвозашон ба анҷом расидааст, дар муддати се сол бо нақзи қоидаҳои бехатарии парвоз аз санҷишҳои техникӣ нагузаштаанд ва аз таъмир бароварда нашудаанд.

Салимзода таъкид сохт, ки ҳавопаймоҳои мазкур то соли 2008 дар феҳристи давлатии хадамоти ҳавонавардии Гурҷистон ба қайд гирифта шуда, сипас аз он хориҷ шудаанд ва сертификати оператору сертификати коршоямӣ надоранд.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, ҳарду ҳавопаймо аз соли 2008 то моҳи феврали соли 2011 дар ширкати Rolkan Investments Ltd дар ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шуда, тариқи шартнома ғайриқонунӣ дар қаламрави Афғонистон ба кашонидани борҳои гуманитарӣ машғул буда, ҳамзамон бо маслиҳати пешакӣ сарҳади Тоҷикистонро бе иҷозати хадамоти аэронавигатсияи Тоҷикистон убур карданд.

Гузашта аз ин, идома дод Салимзода, мақомоти ҳавонавардии Афғонистон дар мактуби расмии худ аз 12-уми марти соли равон ба Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ҳавопаймоҳо дар рӯйхати ҳавопаймоҳои ин кишвар мавҷуд нестанд. «Дар ин мактуб ҷониби Афғонистон дархост кард, ки ҳавопаймоҳо ба ҳабс гирифта шуда, халабонон ба онҳо роҳ дода нашаванд», – гуфт вай.

Прокурори генералии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишот айби ҳарду халабон тибқи моддаҳои пешбинишуда пурра исботи худро ёфт ва онҳо ба ҷазо маҳкум шуданд, вале метавонанд аз болои ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят баранд.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.