Дастрас шудани 10 тонна сӯзишворӣ ба ағбаи Шаҳристон

Барои фаъолияти доимии роҳи автомобилгарди  ағбаи «Шаҳристон» дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар майдончаи қисми ҷанубии нақби «Шаҳристон» хона – вагони кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ гузошта шуда, барои фаъолияти кормандон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ағбаи Шаҳристон дар фасли тирамоҳу […]

ASIA-Plus


Барои фаъолияти доимии роҳи автомобилгарди  ағбаи «Шаҳристон» дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар майдончаи қисми ҷанубии нақби «Шаҳристон» хона – вагони кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ гузошта шуда, барои фаъолияти кормандон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ағбаи Шаҳристон дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012 барои навбатдорӣ аз дигар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят  техникаву қувваи корӣ аз рӯи ҷадвал ҷалб карда шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ ташкил гардида, аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони муассисаи мазкур, масъулини шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии вилоят, ситоди Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. 

Зимнан зикр гардид, ки миқдори зарурии маводи ғизойӣ, ангиштсанг, ҳезуми сахт, сӯзишвории техникӣ ва 735 м³ маводи зиддилағҷиш захира гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо ва ба ағбаи «Шаҳристон» дастрас карда шуд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.