Таъсиси марказҳои ҳамкории мақомоти милитсия ва ҷомеа бо дастгирии сафорати ИМА

Баъд аз як соли бунёди иқтидор ва  ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ГҲТҶ), ки аз тарафи ҳукумати ИМА таъсис дода шудаанд, дар Қайроққум, Ғарм ва Қумсангир нӯҳ  Маркази ҳамкории милитсия ва ҷомеаро (МҲМҶ) кушоданд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, се марказ барои ҳар як ноҳия дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus


Баъд аз як соли бунёди иқтидор ва  ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ГҲТҶ), ки аз тарафи ҳукумати ИМА таъсис дода шудаанд, дар Қайроққум, Ғарм ва Қумсангир нӯҳ  Маркази ҳамкории милитсия ва ҷомеаро (МҲМҶ) кушоданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, се марказ барои ҳар як ноҳия дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва идораҳои сардорони милитсияи маҳаллӣ ҷойгир шудаанд. Ин марказҳо барои милитсия ва ҷомеа ҷой фароҳам меоварад, ки дар он онҳо якҷоя ҳалли мушкилоти ҷомеа оиди пешгирии ҷиноят, беҳтар намудани бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагиро меёбанд.

Сардори раёсати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ генерал Мумин Зинатов тасдиқ намуд, ки “Таъмини тартибот танҳо ба воситаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа самаранок шуда метавонад. Марказҳо имконият медиҳанд, ки милитсия бо ҷомеа наздиктар кор барад.” Дар ноҳияи Рашт раиси ҷамоати Ҳоит ба ҳозирин ёдрас кард, ки “Қонун барои ҳама як аст – ҳам ба милитсия ва ҳам ба шаҳрвандон. Акнун мо барои худ ҷое дорем, ки дар он ҳисси ҳурмату эҳтироми волоияти қонунро боло бардорем.”

Бюрои мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (INL) ба воситаи лоиҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки аз тарафи Зе Эмерҷенс Груп (TEG) амалӣ машавад, кӯмаки молиявиро, ки ба $20 000 доллари амрикоӣ баробар аст, барои таъсис додани марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҳар як ноҳия, аз ҷумла, барои масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири сабук, мебели ҷои корӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ҷудо намуд. Гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дархостномаҳои лоиҳавиро кор карда баромаданд ва қувваи меҳнатиро барои таъмир таъмин намуданд. Намояндагони ВКД, ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеа дар маросими ботантанаи кушодашавии марказҳо дар ҳамаи се ноҳия иштирок намуданд. Ҳамчунин вобаста ба кушодашавии марказҳо гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ барои ҷавонон чорабиниҳои варзиширо ташкил карданд, аз ҷумла, бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол.  Инчунин онҳо дар мавзӯи бунёди ҳамкорӣ, малакаҳои робитавӣ, ҳалли мушкилот ва пешгирии зуроварӣ дар оила омӯзиш барои милитсия ва ҷомеаро мегузаронанд. Гурӯҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Қумсангир қисми маблағро барои ташкили маркази дӯзандагӣ бо чор мошини чокдузиро дар ГҲТҶ-и Панҷ истифода кард.

Эрик Ҳэмрин, корманди INL оид ба корҳои хориҷӣ, ш. Вашингтон, дар маросими кушодашавии марказҳо иштирок намуда, гуфт, ки “Барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ин ноҳияҳо метавонад як намунаи хубе барои омӯзиш аз тарафи дигар деҳот, ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳатто дигар давлатҳо шавад.”

Аз соли 1992 инҷониб ҳукумати ИМА зиёда аз $984 миллион доллар барои барномаҳои ёрирасон, ки системаи мақомоти ҳуқуқ ва бехатарӣ, болоравии иқтисодӣ, институтҳои демократӣ, ҳифзи тандурустӣ ва маорифро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, маблағгузорӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.