Суғд: Садамаи нақлиёт ҷони се нафарро рабуд

Date:


Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, дар километри 224-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи навъи «Опел-Вектра» сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Х.Н. суръати ҳаракати мошинро зиёд намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд. «Дар натиҷа автомашина ба самти муқобили ҳаракати роҳ  баромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, аз зарбаи автомашина ба дарахт ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафар мусофирони автомашина – сокинони шаҳри Истаравшан Х.Р.-22-сола ва Ф.У.-и 21-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидаанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...