Қаллобии собиқ муовини раиси шаҳри Исфара дар тақсимоти замин

Date:


Барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва қаллобӣ нисбат ба собиқ муовини раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини раиси шаҳри Исфара Баҳром Бобоев аз рӯйи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ) ва моддаи 316, қ. 2 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад) боз шудааст.

Ғайр аз ин, дар ин парванда ҳамчунин сокини бекори 54-солаи ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳошим Азизов низ иштирок дорад, ки ӯ ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти РКД-и вилоят, Бобоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ моҳи январи соли 2010 бо маслиҳати пешакӣ бо Ҳ.Азизов бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин аз сокини Исфара 44 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти худ масраф месозанд.

Дар ҷараёни тафтишоти парвандаи мазкур ҳамчунин ошкор гардид, ки ин бори аввал набудааст, ки Бобоев ва ҳаммаслаки ӯ аз боварии шаҳрвандон истифода кардаанд.

Боз ҳам бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин онҳо аз сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Х.Г. 125 ҳазор рубли русӣ ва моҳи декабри соли 2009 аз сокини ҷамоати Навгилеми ноҳияи мазкур бо ваъдаи ҷудо кардани 1 гектар замин  5,3 ҳазор доллари ИМА гирифта, ин маблағҳоро ҳам ба эҳтиёҷоти худ хароҷот кардаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли чумҳурӣ 65 ҳодисаи ба қаллобӣ даст задан (ҳамин давраи соли гузашта – 37 ҳодиса) ва 10 далели баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ( соли 2010 низ 10 далел) ба қайд гирифта шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...