Оғози мурофиаи судӣ оид ба парвандаи қатли корманди комиссариати ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ

Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба парвандаи гумонбаршудагон ба қатли ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола оғоз гардид . Дар курсии айбдорӣ панҷнафар сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҷавоб мегӯянд. Онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Куштани шахс ва наздикони […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба парвандаи гумонбаршудагон ба қатли ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола оғоз гардид

.

Дар курсии айбдорӣ панҷнафар сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҷавоб мегӯянд. Онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Куштани шахс ва наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ ё дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ, ки  барои гунаҳгор аён аст ё бо гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 11-уми сентябри соли равон тахминан соатҳои 21:00 дар қаламрави деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи маҳалли мазкур, ёвари сардори мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ Содиқ Ашӯрови 34-сола дарафтоданд. Онҳо бераҳмона ӯро мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз ҷароҳатҳои бардошта Содиқ Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Тибқи яке аз фарзияҳо, ҳодисаи куштори Ашӯров ба фаъолияти хидматии ӯ рабт дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.