Таҳдиди бардурӯғи тарконидани ҳавопаймоҳои хатсайри Душанбе-Маскав

Пас аз занги «террористони телефонӣ» бо хабари дар ҳавопаймоҳо мавҷуд будани маводи тарканда, мусофирони ҳавопаймоҳои ду хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав дар ҳолати стресс қарор доштанд. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, занги телефонӣ дар бораи мингузории ҳавопаймо ба пулиси Русия ворид шудааст. Шахси зангзананда рақами хатсайрро нагуфтааст. Замони ворид шудани занг як ҳавопаймои ин хатсайр аллакай дар […]

ASIA-Plus


Пас аз занги «террористони телефонӣ» бо хабари дар ҳавопаймоҳо мавҷуд будани маводи тарканда, мусофирони ҳавопаймоҳои ду хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав дар ҳолати стресс қарор доштанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, занги телефонӣ дар бораи мингузории ҳавопаймо ба пулиси Русия ворид шудааст. Шахси зангзананда рақами хатсайрро нагуфтааст.

Замони ворид шудани занг як ҳавопаймои ин хатсайр аллакай дар парвоз ба пойтахти Русия қарор дошт. Парвоз аз чониби ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр» анҷом дода мешуд. Пас аз фуруд омадан, ҳавопаймо ба истгоҳи алоҳида бурда шуда, баъди ба ҷойи бехафв интиқол додани мусофирон, онро хадамоти махсус мавриди санҷиш қарор доданд.

Ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», хабари бомбгузорӣ бардурӯғ баромада, «террористи телефонӣ» аллакай боздошт шудааст. Пулис муайян кардааст, ки занги телефонӣ аз шаҳри Новосибирск сурат гирифтааст. Баъдтар шахсияти «террористи телефонӣ» низ муайян гардид.

Тавре ба хабаргузории РИА «Новости» як манбаъ аз ВКД-и Русия хабар додааст, боздоштшуда гирифтори бемории рӯҳӣ буда, хешовандонаш низ инро тасдиқ намудаанд ва ин бори аввал набудааст, ки ӯ чунин «дилхушӣ» мекардааст.

Дар ҳамин замон дар Душанбе низ бинобар сабаби занги телефонӣ ба мақомоти милисаи тоҷик дар бораи мингузорӣ кардани ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», парвози он ба Маскав боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳавопаймои мазкур аз ҷониби кинологҳо дақиқан мавриди азназаргузаронӣ қарор гирифта, дар он маводи тарканда пайдо нашудааст.

Масъали ошкор сохтани «террористи телефонӣ» ба дӯши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор гардидааст. Айни замон дар Кумитаи мазкур ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса мазкурро рад насохтанд, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.