Вакили Парлумони Аврупо изҳороти Ӯзбекистонро рад кард

Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо яке аз вакилони бонуфузи Парлумони Аврупо дар умури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Элизабет Йеггле масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Белгия, зимни мулоқот Р.Солиев таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбатро ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо яке аз вакилони бонуфузи Парлумони Аврупо дар умури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Элизабет Йеггле масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Белгия, зимни мулоқот Р.Солиев таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбатро ба маълумоте, ки агентии иттилоотии CA-News (UZ) бо истинод ба агентии иттилоотии ВКХ- Ӯзбекистон интишор карда буд, ҷалб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки гӯё 29-уми ноябри соли равон ҳангоми вохӯрӣ бо экологҳои ӯзбек дар Брюссел Э.Йеггле аз мавқеи Ӯзбекистон дар масоили ғайриоқилона будани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ карда будааст.

Агентии иттилоти мазкур ин хабарро дар таърихи 9-уми декабри соли 2011 таҳти унвони «Дар Парлумони Аврупо мавқеи Ӯзбекистонро дар бораи ғайриоқилона будани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дастгирӣ карданд» ба нашр расонид.

Аммо Э.Йеггле ин маълумотро рад сохта, изҳор кард, ки хабари интишоркардаи ҷониби Ӯзбекистон дар бораи назари ӯ оид ба масоили сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» асоси воқеӣ надорад.

Дар ҷараёни мулоқот бо Солиев вакили Парлумони Аврупо зикр кард, ки дар вохӯрӣ бо экологҳои ӯзбек ӯ даъват кардааст, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро мебояд интизор шуд ва дар масоили истифодаи захираҳои обиву энергетикии минтақа роҳандозии ҳамкории наздики ҳукумат ва парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст.

«Э.Йеггле бо таассуф изҳор кард, ки соли равон аллакай маротибаи дуввум аст, ки Ӯзбекистон мавқеи ӯро бобати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» таҳрифомез нишон медиҳад, – гуфт манбаъ. – Ӯ аз сафир дархост кард, ки мавқеи ӯро нисбат ба ин масъала ба ҳукумати кишвар ва тавассути васоити ахбори умум ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ диҳанд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.