Соли равон дар Тоҷикистон 25 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуд

Дар давоми солҳои 1991 то 2011 дар Тоҷикистон 262 адад нерӯгоҳҳи хурди обӣ-барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки иқтидори умумиашон 23 МВт-ро ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати энеретика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи даҳ моҳи соли равон 25 адад нерӯгоҳҳо хурди барқӣ ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳҳои мазкур дар маҷмӯъ 2099 хоҷагӣ ва […]

ASIA-Plus


Дар давоми солҳои 1991 то 2011 дар Тоҷикистон 262 адад нерӯгоҳҳи хурди обӣ-барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки иқтидори умумиашон 23 МВт-ро ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати энеретика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи даҳ моҳи соли равон 25 адад нерӯгоҳҳо хурди барқӣ ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳҳои мазкур дар маҷмӯъ 2099 хоҷагӣ ва 18 адад биноҳои маъмурӣ ва ёрирасонро бо нерӯи барқ таъмин менамояд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ сохтмони 13 нерӯгоҳҳо хурди барқӣ идома дорад. Аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар вилояти Хатлон бо иқтидори 100 кВт ва 550 кВт, дар ВМКБ бо иқтидори умумии 960 кВт ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо иқтидори умумии 1824 кВт дар ҷараён аст.

Зимнан зикр гардид, ки рафти корҳои сохтмонӣ нерӯгоҳҳо хурди обӣ-барқӣ таҳти назорати доимии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳуриии Тоҷикистон қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси «Барномаи дарозмуддати бунёди НБО-ҳои хурд барои солҳои 2009-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 2 феврали соли 2009 қабул карда шудааст, 189 адад нерӯгоҳ сохта ба истифода дода мешавад, ки иқтидори умумии онҳо 103,2 МВт-ро ташкил медиҳад. Барномаи мазкур бо мақсади истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона гардида, имконият медиҳад, ки энергияи потенсиалии дарёчаҳои хурд ва обравҳо барои таъмини ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастрас таъмин карда шавад.


Акс аз www.energyland.info

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.