Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ

Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Исроил Хилел Нюман масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ба масоили истифодаи тухмии хушсифат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Исроил Хилел Нюман масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ба масоили истифодаи тухмии хушсифат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби мутахассисон ба омӯзиш дар курсҳои миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд.

Дипломати исроилӣ вазири кишоварзии Тоҷикистонро ба намоишгоҳи соҳаи кишоварзӣ дар Исроил, ки дар он техника ва технологияи пешқадами кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад, даъват кард.

Х.Нюман хотиррасон намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил дар бахши кишоварзӣ соли 2009 дар соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ ва омодасозии кадрҳо оғоз гардида буд.

Сафир афзуд, айни замон ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои Агентии Шветсия оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (SIDA) ва ҳамчунин тавассути ширкати исроилии «Agridera» дар ҳоли рушд қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.