Эмомалӣ Раҳмон: Олмон шарики мӯътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист

Дар доираи сафари расмӣ ба Олмон сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон  Кристиан Вулф мулоқот намуд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди дар назди қасри Бэлвю баргузор гардид.  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон  Кристиан Вулф истиқбол гирифт.  Маросими истиқболи расмӣ бо аксгирии муштараки сарони ду […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари расмӣ ба Олмон сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон  Кристиан Вулф мулоқот намуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди дар назди қасри Бэлвю баргузор гардид.

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон  Кристиан Вулф истиқбол гирифт.

 Маросими истиқболи расмӣ бо аксгирии муштараки сарони ду давлат, имзои меҳмони олимақом дар китоби сабти меҳмонони расмӣ, саф кашидани Горди фахрии Олмон, садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмӯи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Олмонро «шарики дерина ва мӯътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» номида, изҳор дошт, ки «Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад».

Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир карда шуд.

Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА – ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.

«Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмонии ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад», – изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.