Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Дар шаҳри Берлин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт. Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, зимни боздид аён гардид, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст. Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафорати […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Берлин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, зимни боздид аён гардид, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст.

Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва ҳам сафорати Олмон дар Душанбе барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд минбаъд низ ҷаҳду талош мекунанд.

 Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки Олмон нахустин кишвари Аврупо буд, ки сафораташ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ин қитъаи олам сафорати аввалини худро дар ҳамин кишвар боз намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.