Бознигарии ҳукми собиқ раиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бохтар

Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Хатлон собиқ раиси ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар Нуралӣ Раҷабовро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) гунаҳкор дониста шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Н.Раҷабов аз […]

Сайраҳмон Назриев


Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Хатлон собиқ раиси ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар Нуралӣ Раҷабовро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ӯ мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247 (Қаллобӣ), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Н.Раҷабов аз моҳи ноябри соли 2007 то моҳи марти соли 2010 ба ҳайси раиси ҷамоати номбурда ифои вазифа намудааст. Дар ин муддат ӯ бо истифода аз боварии аҳолии маҳаллӣ, аз онҳо ба ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил 31,5 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Дар таърихи 22-юми сентябр суди ноҳияи Бохтар парвандаи ҷиноии мазкурро баррасӣ карда, Раҷабовро ба 12 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Раҷабов ба ин ҳукм қонеъ нагардида, ба суди вилотятӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод кард ва рӯзи 8-уми декабр ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноӣ парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз қонуни афв ҳукмро ба мӯҳлати 2 сол кам кард.

Аммо маҳкумшуда худро гунаҳкор намешуморад ва ният дорад, ки аз болои ҳукм ба Суди олии ҷумҳурӣ шикоят барад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.