Маҷлиси миллӣ се қонуни қаблан дар МН қабулшударо напазируфт

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои маҷлис Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маълумоти иловагӣ», «Дар бораи ташхиси экологӣ» ва «Дар бораи занбӯрасалпарварӣ»-ро, ки моҳҳои ноябру декабр аз ҷониби палати поёнии парлумони кишвар ба тасвиб расида буд, напазируфтанд. Узви ММ МО ҶТ Убайдулло Қурбонов дар робита ба ин масъала гуфт, дар қонунҳои зикршуда, ки […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои маҷлис Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маълумоти иловагӣ», «Дар бораи ташхиси экологӣ» ва «Дар бораи занбӯрасалпарварӣ»-ро, ки моҳҳои ноябру декабр аз ҷониби палати поёнии парлумони кишвар ба тасвиб расида буд, напазируфтанд.

Узви ММ МО ҶТ Убайдулло Қурбонов дар робита ба ин масъала гуфт, дар қонунҳои зикршуда, ки гурӯҳи вакилон муаллифони он мебошанд, ихтилофоти зиёди ҳуқуқӣ ва забонӣ ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар қонун «Дар бораи маълумоти иловагӣ», ки аз ҷониби вакилон Махфират Хидирова ва марҳум Сафаралӣ Раҷабов таҳия шудааст, аслан дар бораи дастрасии тобилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба маълумоти иловагӣ сухан рафта, доир ба маълумоти иловагӣ гирифтани калонсолон чизе гуфта нашудааст.

Ғайр аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ ворид сохтани тағйироту илова ба қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ»-ро, ки аз ҷониби як гурӯҳ узви ММ ва МН МО ҶТ пешниҳод гардид, дастгирӣ карданд. Дар тағйирот бидуни иҷозати Прокурори генералии ҶТ азназаргузаронӣ ва кофтукови манзили зист, ҳуҷраи корӣ, автомобили шахсӣ ва хидматии аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҷониби хадамоти дахлдор манъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, бидуни иҷозати дахлдор гӯш додани сӯҳбатҳои телефонӣ ва шинооӣ бо мукотибаи намояндагони ҳарду палатаи парлумон низ манъ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.