Сӯхтор дар ду корхонаи коркарди нахи пахтаи Суғд

Бар асари сӯхтор ду корхонаи коркарди нахи пахтаи вилояти Суғд хисороти назаррас бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор дар корхонаҳо қариб дар як вақт рӯзи 25-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст. «Нахуст дар корхонаи «Солеҳ Исматов»-и ноҳияи Мастчоҳ сӯхтор сар зада, майдони 550 метри мураббаъи қаламрави корхонаро фаро гирифтааст. […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари сӯхтор ду корхонаи коркарди нахи пахтаи вилояти Суғд хисороти назаррас бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор дар корхонаҳо қариб дар як вақт рӯзи 25-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст. «Нахуст дар корхонаи «Солеҳ Исматов»-и ноҳияи Мастчоҳ сӯхтор сар зада, майдони 550 метри мураббаъи қаламрави корхонаро фаро гирифтааст. Дар натиҷа 5,5 тонна пахта ба коми оташ рафта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари молӣ ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил додааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтори дуюм дар корхонаи «Фаронак»-и ноҳияи Зафробод ба амал омада, дар натиҷа ҳудуди 8 тонна пахта нобуд ва ҳаҷми хисорот аз сӯхтор беш аз 12 ҳазор сомониро ташкил додааст. «Дар ҳарду ҳолат сабаби сар задани сӯхтор ноқисиву носозии таҷҳизоти корхонаҳо арзёбӣ мешавад», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 705 ҳодисаи сӯхтор (ҳамин давраи соли гузашта – 658 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 16 нафар ҳалок (соли 2010 – 12 нафар) ва 64 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ (соли 2010 – 32 нафар) бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.