Суғд: Ҳукми ҳабси абад ба панҷ нафар террористон

Дар вилояти Суғд ба афроди дастдошта дар содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ҳукми додгоҳ содир шуд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи додгоҳӣ, додраси додгоҳи вилоятӣ Додоҷон Гадойбоев хабар дод, аз 53 нафар айбдоршавандагон оид ба ин парвандаи ҷиноӣ 5 нафар – Фирдавс Каримов, […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд ба афроди дастдошта дар содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ҳукми додгоҳ содир шуд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи додгоҳӣ, додраси додгоҳи вилоятӣ Додоҷон Гадойбоев хабар дод, аз 53 нафар айбдоршавандагон оид ба ин парвандаи ҷиноӣ 5 нафар – Фирдавс Каримов, Соҳибҷон Собитов, Исматулло Бобоев, Зафар Каримов ва Акмал Ҳошимов ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, айбдоршавандагони боқимонда ба мӯҳлатҳои аз 8 то 30 сол равонаи зиндон гардиданд.

Мурофиа рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ пушти дарҳои пӯшида дар бинои боздоштгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Маълум аст, ки ҳукм ба айбдоршавандагон бидуни ҳузури адвокатҳои онҳо эълон карда шуд ва ин мухолифи меъёрҳои мурофиавӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи додгоҳии мазкур моҳи июли соли равон оғз гардид. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан окинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Ситамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 179, қ. 3 (Терроризм), 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ), 306 (Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 196, қ. 3 (Ғайриқонунӣ сохтани яроқ), 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 32 қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), 36. қ. 5 (Шарикӣ дар содир намудани ҷиноят), 314, қ. 1 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 347, қ. 1 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 335, қ. 2 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешуданд.

Аз ин шумор 10-12 нафар дар содир намудани амали террористӣ ва боқимонда дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 3-юми сентябри соли 2010 тақрибан соатҳои 8:15 дақиқаи субҳ ба саҳни бинои шӯъби минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД дар вилояти Суғд як автомашинае ворид гардида, мавриди инфиҷор қарор гирифт. Бар асари таркиши автомашина худи террорист ва се корманди шӯъба ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони милиса ва панҷ тан аз аҳолии осоишта ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Он замон мақомоти прокуратураи вилояти Суғд  аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 179, қ. 3-и КҶ ҶТ (Терроризм) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, онро ҷиҳати баррасии минбаъда ба шӯъбаи тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ирсол карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.