Дар вилояти Маскав тоҷик ҳамдиёрашро кушт

Дар арафаи Соли нав дар шаҳри Ногински вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раҳмон Тошматови 24-сола кушта шуд. Ӯ аз дасти ҳамдиёри худ Шералӣ Абдураимови 26-сола, ки дар манзили иҷора бо ҳам иқомат доштанд, ба қатл расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати […]

Аваз Юлдошев


Дар арафаи Соли нав дар шаҳри Ногински вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раҳмон Тошматови 24-сола кушта шуд.

Ӯ аз дасти ҳамдиёри худ Шералӣ Абдураимови 26-сола, ки дар манзили иҷора бо ҳам иқомат доштанд, ба қатл расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, Р.Тошматов бар асари ҷароҳат бардоштани мағзи сараш ба ҳалокат расидааст. Бо қарори суди шаҳри Ногинск  гумонбаршуда Шералӣ Абдураимов ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29-уми декабр ба намояндагӣ боз як ҳамдиёри фавтида – Манучеҳр Собиров муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки дар интиқоли ҷасади марҳум ба ватан мусоидат намоянд.

«Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар барасмиятдарории тартиботи интиқоли ҷасад, дастрас кардани билети ҳавопаймо ба хоҳари марҳум Парвина Қодирова ҷиҳати ҳамроҳӣ кардани тобут ба ватан мусоидат намуд», – таъкид кард манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.