Дар Тула шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамватани худро куштанд

Дар рӯзи аввали Соли нав дар шаҳри Алексияи вилояти Тулаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон аз захми корди ҳамватанони худ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 январи соли 2012 тақрибан соати 01:00-02:00 дар вилояти Тулаи Федератсияи Россия, шаҳри Алексия, кӯчаи «Мир», дар назди мағозаи хурокворӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғании […]

ASIA-Plus


Дар рӯзи аввали Соли нав дар шаҳри Алексияи вилояти Тулаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон аз захми корди ҳамватанони худ ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 январи соли 2012 тақрибан соати 01:00-02:00 дар вилояти Тулаи Федератсияи Россия, шаҳри Алексия, кӯчаи «Мир», дар назди мағозаи хурокворӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғании Аҳмад, санаи таваллудаш 01.02.1991, сокини деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт дарёфт гардид.

 Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад бо ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷиқистон ҳангоми сайру гашти идона дар кӯчаи зикршуда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон (тақрибан 10-15 нафар) бо сабабҳои номаълум муноқиша намуда, дар натиҷаи он аз захми корд ба ҳалокат расид. Ҳамроҳонаш Ҳаитов Сайёд, сокини ноњияи Рашт, Ёқубов Баракатулло, сокини шањри Душанбе ва Сангов Аҳлиддин, сокини шањри Кўлоб захмдор шуданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори шањри Алексия парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, 8 нафар гумонбаршудагон дастгир шудаанд.

 Ҷасади шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад баъд аз гузаронидани ташхиси тиббӣ-судии лозима ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.