Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд. Собиқ президент Сӯҳроб Қосимов тайи даҳ соли ахир федератсияро сарварӣ мекард. Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» Сӯҳроб Қосимов президенти тозаинтихоб Рустами Эмомлиро барои интиоб шудан ба ин мақом табрик гуфта, изҳор кард, ки «бо хушнудӣ инони ҳокимиятро месупорад». Ҳамчунин дар фаъолияти минбаъдаи Рустами […]

Ҳайдар Шодиев


Рустами Эмомалӣ президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд. Собиқ президент Сӯҳроб Қосимов тайи даҳ соли ахир федератсияро сарварӣ мекард.

Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» Сӯҳроб Қосимов президенти тозаинтихоб Рустами Эмомлиро барои интиоб шудан ба ин мақом табрик гуфта, изҳор кард, ки «бо хушнудӣ инони ҳокимиятро месупорад». Ҳамчунин дар фаъолияти минбаъдаи Рустами Эмомалӣ комёбиҳо орзу намуд.

То интихоб шудан ба мақоми президенти ФФТ Р.Эмомалӣ вазифаи ноиби президенти федератсияро ба ӯҳда дошт.

Ёдрас мекунем, ки Сӯҳроб Қосимов аз соли 2002 сарварии ФФТ-р ба ӯҳда дошт. ФФТ 25-уми декабри соли 1991 таъсис ёфта, президенти аввалини он Мирзо Мамадҷонов мебошад.

Рустами Эмомалӣ – писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷимкистон мебошад. Оиладор, соҳиби духтарча аст.

Айни замон ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншикании гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекунад. Қабла аз ин дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вазифаи сардори Раёсати рушди тиҷорати хурду миёна фаъолият кардааст. Ҳамчунин ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.