Рашт: Ҷавони 17-сола зери тарма монд

Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҷавони 17-сола зери тарма монд. Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4-уми январ дар ноҳияи Рашт рух додааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми ба теппаи Чапдара баромадани Зикрулло Наботзодаи 17-сола тарма фаромада, ӯ зери он мондааст. Ҷасади ҷавон худи ҳамон рӯз дарёфт гарда, пас аз ташхис […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҷавони 17-сола зери тарма монд. Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4-уми январ дар ноҳияи Рашт рух додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми ба теппаи Чапдара баромадани Зикрулло Наботзодаи 17-сола тарма фаромада, ӯ зери он мондааст. Ҷасади ҷавон худи ҳамон рӯз дарёфт гарда, пас аз ташхис ба хешовандонаш супурда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти дахлдор аҳолиро дар бораи хатари фаромадан тарма дар кишвар, бахусус дар манотиқи кӯҳистон рӯзҳои 4-6-уми январ огаҳ карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.