Интиқоли газ аз Ӯзбекистон барқарор шуд

Дар Тошканд оид ба интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012 миёни «Узтрансгаз» ва «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид. Созишномаи мазкур зимни сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба тасвиб расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, мутобиқи созишномаи баимзорасида, соли равон Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тошканд оид ба интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012 миёни «Узтрансгаз» ва «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид. Созишномаи мазкур зимни сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба тасвиб расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, мутобиқи созишномаи баимзорасида, соли равон Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 200 млн. метри мукааб газ мехарад. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ, ки 4-уми январ қатъ гардида буд, дубора барқарор гардид.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши газ баъдтар бо ҳамтоҳои ӯзбек мувофиқа карда хоҳад шуд. «Соли равон арзиши газ нисбат ба соли гузашта поинтар хоҳад буд», – мегӯяд Шарофиддинов.

Номбурда иброз дошт, ки соли гузашта аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 180 млн. метри мукааб газ интиқол дода шуд. То ахири моҳи ноябри соли гузашта арзиши он 285 доллари ИМА барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медод. Моҳи ноябр арзиши он то 311 доллари ИМА барои 1 ҳазор метри мукааб боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 4-уми январ Ӯзбекистон бидуни огаҳии пешакӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард. Рӯзи дигар барои ҳалли масъалаи мазкур ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба шахри Тошканд рафт.

Дар Тоҷикистон бо гази табиии Ӯзбекистон асосан Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО), «Тоҷиксемент» ва як қатор корхонаҳои дигар таъмин карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.