Нозирии вакили парлумони ҷумҳурӣ дар интихоботи парлумонии Қазоқистон

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар интихоботи парлумонии Қазоқистон иштирок мекунанд, шомил гардид. Маъракаи интихоботӣ ба парлумони Қазоқистон рӯзи 15-уми январи соли равон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, вакили парлумони Тоҷикистон аз 13 то […]

Аваз Юлдошев


Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар интихоботи парлумонии Қазоқистон иштирок мекунанд, шомил гардид. Маъракаи интихоботӣ ба парлумони Қазоқистон рӯзи 15-уми январи соли равон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, вакили парлумони Тоҷикистон аз 13 то 16-уми январ дар Қазоқистон хоҳад буд.

Ғайр аз ин, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Маҳмадмурод Зоҳиров ва сармутахассиси КМИР Мирзо Ашӯров ҷиҳати шомил гардидан ба гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ ба Қазоқистон фиристода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар интихоботи ғайринавбатӣ ба маҷлис (палатаи поёнӣ)-и Қазоқистон 8 ҳизби сиёсӣ роҳ дода шудаанд. Ҳизби коммунисти Қазоқистон бинобар сабаби боздошти фаъолияташ аз ҷониби суд, дар ин маъракаи интихоботӣ ширкат намеварзад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, аз тамоми ҳизбҳо 386 нафар номзад ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, барои як курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ҳудуди 4 нафар доваталабӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио