Ҳудуди 150 деҳаи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба барқ дастрасӣ надоранд

Дар 8 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз ҳудуди 150 маҳаллаи аҳолинишин ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ васл карда нашудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабакаҳои барқии минтақи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов хабар дод, ин маҳаллаҳои аҳолинишин ахири асри 20 ва аввали асри 21 ҳангоми ба деҳаҳои авлодӣ баргаштани аҳолии ба водиҳо кӯчонидашуда бунёд […]

Турко Дикаев


Дар 8 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз ҳудуди 150 маҳаллаи аҳолинишин ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ васл карда нашудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабакаҳои барқии минтақи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов хабар дод, ин маҳаллаҳои аҳолинишин ахири асри 20 ва аввали асри 21 ҳангоми ба деҳаҳои авлодӣ баргаштани аҳолии ба водиҳо кӯчонидашуда бунёд ёфтаанд.

Ба гуфтаи вай, гузаронидани хатти интиқоли барқ ба ин деҳаҳо ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ аст. «Дар аксари ин деҳаҳо 2-3 ва дар баъзе ҷойҳо 5-8 оила зиндагонӣ мекунанд ва рустоҳое мавҷуданд, ки ҳамагӣ 4 нафар иқомат доранд», – мегӯяд ӯ.

Исмоилов мегӯяд, ба ҳар як деҳа ба масофаи аз 6 то 11 километр хатти интиқоли барқ гузаронидан зарур аст. «Дар ҳамаи деҳаҳо насби трансофрматори алоҳида ва бунёди зеристгоҳ лозим меояд, ки хароҷоти молиявии зиёдро тақозо мекунад, вале дар ояндаи наздик рӯйпӯш шудани ин хароҷот маълум нест», – иброз дошт Исмоилов.

«Вале аз ин вазъ дар ширкати «Барқи тоҷик» фаромӯш намекунанд. Соли 2011 ҳудуди бист деҳаҳои ноҳияҳои Шӯроободу Балҷувон ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ пайваст карда шуданд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.