Дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гумонбари навбатӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ дастгир шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар канори шаҳри Душанбе Х.М.-и 31-сола боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ 1 килову 830 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл ҳангоми хариди санҷишии доиргардида аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор аз боздоштшуда 3 килову 892 грамм ҳашиш харида шудааст. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мухаддири аз ӯ мусодирашуда 5 килову 722 граммро ташкил медиҳад.
«Ғайр аз ин, худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Д.О.-и 19-сола боздошт шудааст.
«Боздоштшуда тавассути дар дохили меъда ҷой додани маводи мухаддир ният доштааст, ки онро ба яке аз шаҳрҳои Русия интиқол диҳад. Аз боздоштшуда якчанд ғилофакҳои дорои маводи мухаддир мусодира шуданд, ки вазни умумиашон 635 граммро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


