Депутат: Интихоботи парлумонии Қазоқистон комилан ба таври демократӣ гузашт

Маъракаи интихоботии вакилон ба парлумони Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли равон баргузор шуд, дар фазои хеле орому амн баргузор шуда, дар ҷараёни он ҳеҷ қонуншикании баргузории маъракаи интихоботии кишвар ба мушоҳида нарасид, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ аз […]

Аваз Юлдошев


Маъракаи интихоботии вакилон ба парлумони Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли равон баргузор шуд, дар фазои хеле орому амн баргузор шуда, дар ҷараёни он ҳеҷ қонуншикании баргузории маъракаи интихоботии кишвар ба мушоҳида нарасид, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар ин маърака иштирок дошт.

Ба гуфтаи вай, сарусадо ва ҳангомаҳои як катор ВАО-и Қазоқистон ва сиёсатмадорони ҷудогонаи ин кишвар атрофи маъракаи интихоботии мазкур ягон асоси вокеие надоранд.

«Дар рӯзи интихобот ман бо ҳамтоҳои худ аз Русияву Озарбойҷон ва Белорус аз беш аз 20 қитъаҳои интихоботӣ дар шаҳри Алмаато боздид кардем ва ҳеҷ як қонуншиканиеро мушоҳида накардем», – иброз дошт Нозимов.

Ба қавли ӯ, тамоми қитъаҳои интихоботӣ бо камераҳои назораи видеойӣ муҷаҳҳааз гардида, дар тамоми қитъаҳо нозирон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобт иштирокдошта ҳузур доштанд.

«Яке аз хусусиятҳои тамоми маъракаҳои интихоботӣ он аст, ки дар он дар баробари ғолибон шикастхӯрдаҳо низ мавҷуданд ва ахириҳо на ҳама вақт шикасти худро эътироф мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии Қазоқистон 7 ҳизб ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, интихобкунандагон ба ҳизбҳо тариқи зайл раъй додаанд: ҳизби «Нур Отан» – 80,74%; «Ак Жол» – 7,46%;  Ҳизби халқии коммунистӣ – 7,2%; Ҳизби мухолифи умумилии сотсиал-демократӣ – 1,59% ва ҳизбҳои боқимонда аз ин шумор камтар.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии Қазоқистон беш аз ҳазор нафар нозирони байнулмилалӣ ширкат варзида, зиёда аз 120 намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз ҷараёни баргузории он гузориш таҳия намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...