Иштироки нозирони тоҷик дар мониторинги интихоботи президенти Туркманистон

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов ва мутахассиси комиссияи мазкур Аҳлиддин Бӯриев ҷиҳати шомил гардидан ба ҳайати нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи интихоботии президенти Туркманистон, ки  12-уми феврали соли равон доир мегардад, ба ин кишвар фиристода мешаванд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба маълумоти Комиссияи марказии […]

Аваз Юлдошев


Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов ва мутахассиси комиссияи мазкур Аҳлиддин Бӯриев ҷиҳати шомил гардидан ба ҳайати нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи интихоботии президенти Туркманистон, ки  12-уми феврали соли равон доир мегардад, ба ин кишвар фиристода мешаванд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон, то имрӯз ба 8 нафар аз 15 довталаб шаҳодатномаи номзадӣ ба интихоботи президент супурда шудааст.

Миёни онҳо ба ҷуз президенти феълии кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, вазири хоҷагии об, вазири энергетикаву саноат, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва сохторҳои нафту газ ҳузур доранд.

Мутобиқи Конститутсияи Туркманистон, президенти кишвар шахсе метавонад интихоб шавад, ки синнусолаш на поинтар аз 40 ва на болотар аз 70 бошаду, забони давлатиро донад, муддати 15 соли ахир дар ҷумҳурӣ иқомат дошта бошад ва дар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо фаъолият карда бошад. Президент ба муҳлати 5 сол интихоб гардида, ҳамчунин раиси ҳукумати Туркманистон хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...