Мусодираи як миқдор маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ВКД ва КДАМ

Дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гумонбари навбатӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ дастгир шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар канори шаҳри Душанбе Х.М.-и 31-сола боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ […]

Наргис Ҳамробоева


Дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гумонбари навбатӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар канори шаҳри Душанбе Х.М.-и 31-сола боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ 1 килову 830 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки чанд рӯз қабл ҳангоми хариди санҷишии доиргардида аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор аз боздоштшуда 3 килову 892 грамм ҳашиш харида шудааст. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мухаддири аз ӯ мусодирашуда 5 килову 722 граммро ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Д.О.-и 19-сола боздошт шудааст.

«Боздоштшуда тавассути дар дохили меъда ҷой додани маводи мухаддир ният доштааст, ки онро ба яке аз шаҳрҳои Русия интиқол диҳад. Аз боздоштшуда якчанд ғилофакҳои дорои маводи мухаддир мусодира шуданд, ки вазни умумиашон 635 граммро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.