Ба истифода додани корхонаи 13-уми коркарди нахи пахта дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дар минтақаи начандон дур аз шаҳри Кӯлоб корхонаи нави коркарди нахи пахта ба истифода дода шуд, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 13-умин чунин корхона мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба маъмурияти корхонаи «Тиллои сафед» хабар дод, корхона дар заминаи собиқ анбори нигаҳдории меваи ҶДММ «Вектор»-и шаҳри Душанбе бунёд […]

Турко Дикаев


Дар минтақаи начандон дур аз шаҳри Кӯлоб корхонаи нави коркарди нахи пахта ба истифода дода шуд, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 13-умин чунин корхона мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба маъмурияти корхонаи «Тиллои сафед» хабар дод, корхона дар заминаи собиқ анбори нигаҳдории меваи ҶДММ «Вектор»-и шаҳри Душанбе бунёд карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти истеҳсоли Чин мутобиқ бо назардошти камбуди ашёи хом дар минтақа васлу ҷобаҷогузорӣ шудааст. Иқтидори корхонаи хурди мазкур коркарди то 8-10 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад.

«Аллакай аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ 1100 тонна ашёи хом харида шуда, ҷиҳати таҳияи барномаи маблағгузории истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳадди ақал то 5 ҳазор тонна барои мавсими соли 2012 чораҳо андешида мешаванд», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҶДММ «Вектор» ба ҳуқуқи фурӯши нахи пахта бидуни корхонаҳои миёнарав соҳиб гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамасола то 60 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.