Баррасии парванда оид ба марги нозири БДА мавқуф гузошта шуд

Қарор шуд, мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии марги корманди Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов, ки мебоист имрӯз оғоз мегардид, ба 19-уми январ мавқуф гузошта шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида Ҳомид Маъмуров хабар дод, мурофиа бинобар сабаби аз боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе ба толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт наовардани айбдоршавандагон […]

Ҳайдар Шодиев


Қарор шуд, мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии марги корманди Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов, ки мебоист имрӯз оғоз мегардид, ба 19-уми январ мавқуф гузошта шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида Ҳомид Маъмуров хабар дод, мурофиа бинобар сабаби аз боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе ба толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт наовардани айбдоршавандагон мавқуф гузошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки падари марҳум Шодӣ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки бо анҷоми дубора бозбинии парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир карда шуд. Мутобиқи он, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г»,  (Авбошӣ), 32, қ. 3-320, қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат) ва 108, қ. 1 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

Дар таърихи 26-уми июли соли гузашта директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд. Парванда ҷиҳати бозбинии дубора ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.