Андозсупорандагони беҳтарини сол муайян карда шуданд

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли сеюм аст, ки озмуни андозсупорандаи беҳтарини солро  гузаронида, беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб ва ба мардуми кишвар муаррифӣ менамояд. Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҳайати […]

ASIA-Plus


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли сеюм аст, ки озмуни андозсупорандаи беҳтарини солро  гузаронида, беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб ва ба мардуми кишвар муаррифӣ менамояд.

Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҳайати роҳбарикунандаи он Комиссияи босалоҳият тасдиқ карда шудааст. Барои боадолатона ва воқеъбинона интихоб намудани беҳтарин андозсупорандаи сол 9 меъёр муқаррар шуда, бо фармони дахлдор тасдиқ гардидааст.

Мақомоти ҳудудии андоз номгӯи довталабонро ба Комиссия пешниҳод карданд ва Комиссия аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда аз миёни довталабон беҳтаринҳоро  интихоб намуданд.

Дар маҷмӯъ меъёрҳо аз чунин нишондиҳандаҳо иборатанд, ҳиссаи андозҳои пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳо ва сифати пур кардани онҳо, дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли пешин зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва ғайраҳо.

Ба ҳамин тариқ Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳоди мақомоти ҳудудии андозро ҳаматарафа омӯхта, дар соли 2011 андозсупорандагони зеринро ба унвони андозсупорандаи беҳтарин дар соли 2011  сазовор донистанд:

Соҳибкори инфиродӣ Махсумова Гулчеҳра Давлатовна  аз ноҳияи  Рӯдакӣ

Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Агентии алоқаи  ҳавоӣ» аз ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Фононбонк» аз   ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон»  аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Корхонаи Муштараки Масъулияташ Маҳдуди «Апрелёвка»  аз шаҳри Қайроққум.

Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2011 Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб ва Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун нозиротҳои андози беҳтарин ҳисобида шуданд.

Ҳадаф аз ташкили чунин озмунҳо қадршиносӣ доштан ба фаъолияти самараноки  андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз буда, барои  ба вуҷуд овардани рақобати солим ва  ҳавасмандгардонии онҳо  нақши назаррас хоҳад гузошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.