Иштироки дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод, ки аз 19 то 29-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи футболи ҷумҳурии мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Белорус, Эрон ва Литва қувваозмоӣ хоҳад кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод, ки аз 19 то 29-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи футболи ҷумҳурии мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Белорус, Эрон ва Литва қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар бозии аввал 20-уми январ бо футболбозони Литва, 21-уми январ бо тими Белорус ва 23-юми январ бо ҳамсолони худ аз Эрон рақобат хоҳад кард.

Тамрину омодагиҳои даста аз 8 то 17-уми январ дар шаҳри Норак доир гардиданд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 20 нафар футболбоз иборат аст.

Ба ду гурӯҳи дигари мусобиқоти мазкур дастаҳои зерин дохиланд:

Гурӯҳи «А»: Русия, Қазоқистон, Эстония ва Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.