Ифтитоҳи бунгоҳи доимии мушоҳидаи тарқиши «Дарвоз-Қаракӯл»

Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашти минтақаи шарқи ҷумҳурӣ сабти ҳодиисаҳои заминларза идома дорад. Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Камолов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин минтақа ҳаракати тектоникии тарқиши геологии «Дарвоз-Қаракӯл» идома дорад. «Бинобар ин дар бораи ифтитоҳи […]

Валентина Кондрашова


Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашти минтақаи шарқи ҷумҳурӣ сабти ҳодиисаҳои заминларза идома дорад.

Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Камолов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин минтақа ҳаракати тектоникии тарқиши геологии «Дарвоз-Қаракӯл» идома дорад.

«Бинобар ин дар бораи ифтитоҳи бунгоҳи доимии мушоҳидаи тарқиши «Дарвоз-Қаракӯл» тасмим гирифта шуд, то ки хусусият, давраҳо ва иқтидори заминларзаҳо мунтазам пайгирӣ шаванд. Бунгоҳи мазкур бо мусоидати мутахассисони КҲФ ва МГ ва зилзиласанҷон кушода мешавад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони КҲФ дар ҳамдастӣ бо намояндагони дигар вазорауту идораҳои дахлдор вазъи мавзеи мазкурро омӯхта, ошкор сохтанд, ки бар асари ҳодисаи фавқулода 53 хонаи гилӣ қисман осеб дидаанд.

Камолов ҳамчунин гуфт, аз ду ҳодисаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. «Танҳо рӯзи аввал чанд тан ҷароҳати начандон вазнин бардошта, саривақт ба беморхона мунтақил шуданд», – афзуд номбурда.

Ғайр аз ин, дар нишасти хабарӣ ҳамзамон зикр гардид, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 хонаводаҳои бештар ниёздошта кӯмаки зарурӣ расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларзаи аввал бо иқтидори то 5 балл дар ноҳияи Дарвозу Рашт рӯзи 29-уми декабри соли гузашта ба қайд гирифта шуда буд. Тайи ҳафтаҳои ахир дар ин мавзеъ ҳамарӯза ҳодисаҳои заминларза рух медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.