Хадамоти муҳоҷират Созишнома дар соҳаи муҳоҷират бо Белорусро таҳия намуд

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират лоиҳаи Созишномаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуд ва барои пешниҳод ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард. Тавре аз Маркази […]

ASIA-Plus


Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират лоиҳаи Созишномаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуд ва барои пешниҳод ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, созишномаи мазкур масъалаҳои мубодилаи маълумоти оморӣ, илмӣ-методии барои Тарафҳо зарурро оид ба муайянсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муайянсозии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба ташкил ва амалисозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави давлати Тарафҳо машғуланд ва иҷрои дигар дархостҳои дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷират дар бар мегирад, ки ба имзорасонии он дар нимсолаи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус  оид ба фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки  Хадамоти муҳоҷират ҳамчун мақомоти алоҳидаи навтаъсис дар тули фаъолияти начандон зиёди худ, баҳри дарёфти бозори меҳнатии давлатҳои рушдёфта ва таъмини шароити мусоид барои  шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, чораҳои зарурӣ андешида, ба имзорасонии чунин созишномаҳоро бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла: Қатар, Кувейт, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина дар ояндаи наздик ба нақша гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.