Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон 33% афзуд

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33,6% афзуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон Мирзо Мавлонов хабар дод. Намояндаи БМТ аз ифшои ҳаҷми дақиқи маблағҳои интиқолшуда худдорӣ варзида, зикр кард, ки ҳоло ҳамаи маълумот ҷамъбаст нашудааст. Ба гуфтаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33,6% афзуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон Мирзо Мавлонов хабар дод.

Намояндаи БМТ аз ифшои ҳаҷми дақиқи маблағҳои интиқолшуда худдорӣ варзида, зикр кард, ки ҳоло ҳамаи маълумот ҷамъбаст нашудааст.

Ба гуфтаи Мавлонов, соли гузашта ҳамчунин ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон низ қариб ба андозаи 10% афзудааст.

Ӯ зикр кард, ки интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби шахсони вокеӣ ба ҷумҳурӣ хусусияти мавсимӣ дорад. «Ҳамасола аз охири фасли тирамоҳ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ коҳиш ёфта, тобистон рӯ ба афзоиш мениҳад», – иброз дошт вай.

Мавлонов гуфт, маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Қазоқистону кишварҳои дигар интиқол дода шудаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2010 – 2,298 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Соли 2010 аз Русия ба Тоҷикистон 2,216 млрд. $ ва аз Тоҷикистон ба Русия 83 млн. доллари ИМА интиқол дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.