Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират бо сафири Белорус

Чанде қабл мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират Девонаев С.А. бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук О.А. доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳангоми мулоқот масъалаҳои ратификатсияи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки моҳи октябри соли 2011 зимни […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират Девонаев С.А. бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук О.А. доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳангоми мулоқот масъалаҳои ратификатсияи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки моҳи октябри соли 2011 зимни дидори расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди муҳокима карор гирифт.

Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба Созишномаи байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ки баъди мувофиқат бо вазорату идораҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 4 январи соли 2012 барои баррасӣ ба Ҷумҳурии Булорус равон карда шуда буд, маълумоти мухтасар дод.

Ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба масъалаҳои будубоши қонунии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорус инчунин, пайдо намудани гурӯҳҳои корфармо дар Белорус ва ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ва сафарбарнамудани онҳо аз Тоҷикистон ба Белорус, татбиқи барномаҳои давлатӣ, инкишофи шаҳракҳои кишоварзӣ дар Белорус ва иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар амалӣ намудани онҳо гуфтугузори судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин, зимни ин мулоқот масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.