Р.Раҳимов: Корманди тавқифгоҳ барои хунукназарӣ аз кор ронда шуд

Дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов хабари ба худкушӣ даст задани боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро тасдиқ намуд. «Чунин далел мавҷуд аст. Пас аз баргузории санҷишӣ дохилӣ як нафар корманди тавқифгоҳи муваққатӣ, ки ба иллати хунукназарии ӯ боздоштшуда даст ба худкушӣ задаст, аз кор ронда, боз як […]

Наргис Ҳамробоева


Дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов хабари ба худкушӣ даст задани боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро тасдиқ намуд.

«Чунин далел мавҷуд аст. Пас аз баргузории санҷишӣ дохилӣ як нафар корманди тавқифгоҳи муваққатӣ, ки ба иллати хунукназарии ӯ боздоштшуда даст ба худкушӣ задаст, аз кор ронда, боз як нафари дигар аз мансаби ишғолкарда озод ва як нафари дигар ҷазои қатъии маъмурӣ гирифт», – гуфт Раҳимов.

Ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин хусус, ки чаро корманди ба хунукназарӣ роҳдодаи тавқифгоҳ, ки боиси марги боздоштшуда гардидааст, танҳо аз кор ронда шудаасту халос, вазир посух дод, ки танҳо «риоя накардани ӯҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби корманд ошкор шудааст», ки ин амали барои ҷамъият хатарнок намебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба яке аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи вилояти Суғд маълумоте расидааст, ки дар  он гуфта мешавад, боздоштшуда ба гумони даст доштан дар дуздӣ пас аз рафтори бераҳмонаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ нисбат ба ӯ даст ба худкушӣ задааст.

Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки минбаъд нисбат ба кормандоне, ки дар муносибат бо боздоштшудагону гумонбаршудагон методҳои ғайриқонуниро истифода мебаранд ё рафтори бераҳмонаро раво мебинанд, чораҳои қатъитар хоҳад андешид. «Мо ният дорем, ки дар ҳар як шӯъбаи корҳои дохилӣ низоми мушоҳидаи видеойӣ насб созем», – афзуд Раҳимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.