Гуфтушуниди Рустами Эмомалӣ бо президенти ФИФА

Дар шаҳри Санкт-Петербург президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер гуфтушунид кард. Гуфта мешавад, президенти ФИА Рустами Эмомалиро ба муносибати ба вазифаи президенти ФФТ интихоб шуданаш табрик кардааст. Дар гуфтушунид як қатор масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Рустами Эмомалӣ изҳор кардааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Санкт-Петербург президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер гуфтушунид кард.



Гуфта мешавад, президенти ФИА Рустами Эмомалиро ба муносибати ба вазифаи президенти ФФТ интихоб шуданаш табрик кардааст. Дар гуфтушунид як қатор масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Рустами Эмомалӣ изҳор кардааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Блаттер ва ташаббусҳои ӯро дар самти рушди минбаъдаи футбол дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд.

Йозеф Блаттер дар навбати худ гуфтааст, ФИФА ҳамаҷониба Федератсияи футболи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, баҳори соли равон тибқи барномаи «Гол-2» ба сохтмони майдони сунъии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мекунад.

Дар гуфтушунид ҳамчунин директори ФИФА оид ба ассотсиатсияҳои миллӣ Терри Реженасс, сарменеҷер оид ба рушд Ева Паскйе, муовини аввали президенти ФФТ Валерий Турсунов ва котиби генералии ФФТ Фирдавс Файзуллоев низ иштирок доштанд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2012 оид ба футбол идома дорад. Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқот иштирок дорад, дар гурӯҳи «С» вохӯрии аввалро бо дастаи Литва мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм аз дастаи Белорус бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.