Шумории расмии бекорон дар Тоҷикистон – беш аз 55 ҳазор нафар

Шумори бекорони расман сабтшуда дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябр зиёда аз 55 ҳазор нафарро ташкил дод. Ба гуфтаи сардори департамени меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии омори назди президенти ҶТ Алиҷон Қулов, сатҳи расмии бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2,6%-и аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад, ки 52% ё худ 28,9 ҳазор нафарашонро занон […]

Пайрав Чоршанбиев


Шумори бекорони расман сабтшуда дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябр зиёда аз 55 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ба гуфтаи сардори департамени меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии омори назди президенти ҶТ Алиҷон Қулов, сатҳи расмии бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2,6%-и аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад, ки 52% ё худ 28,9 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори бекорони расман сабтшуда ба миқдори беш аз 7 ҳазор нафар зиёдтар шудааст», – гуфт вай.

Номбурда мегӯяд, ҳамчунин тарзҳои дигари муайян кардани шумори бекорон мавҷуд аст. «Масалан, ҳар семоҳа баргузор намудани таҳқиқоту назарсанҷӣ миёни аҳолӣ, ки дар кишварҳои рушдёфта ба таври густарда аз он истифода мешавад. Аммо баргузории чунин таҳқиқот хароҷоти маблағи зиёдро тақозо мекунад. Бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ мо солҳои 2004-2009 чунин таҳқиқотҳо доир намудем», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти Қулов, натоиҷи таҳқиқоти соли 2009 нишон доданд, ки сатҳи умумии бекорӣ аз сатҳи расмии он панҷ маротиба зиёд аст. «Масалан, агар имрӯз мутобиқи маълумоти расмӣ сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2,6%-и аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ҷумҳуриро ташкил диҳад, пас мутобиқи маълумоти таҳқиқот,он на камтар аз 10,5%-ро ташкил медод», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.