Назари аҳзоби сиёсӣ ба даъвати президент оид ба қатъи хушомадгӯйӣ

Зимни ибрози назар бобати даъвати президент оид ба хотима бахшидан ба хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ ба президент аз ҷониби мансабдорони давлатӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, водор кардани мансабдорон ба даст кашидан аз ин амал қариб ғайриимкон аст, зеро муддати 20 соли ахир ба онҳо ҳамин аммалро талқин карданд. М.Ҳайит ҳамчунин зикр кард, […]

Аваз Юлдошев


Зимни ибрози назар бобати даъвати президент оид ба хотима бахшидан ба хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ ба президент аз ҷониби мансабдорони давлатӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, водор кардани мансабдорон ба даст кашидан аз ин амал қариб ғайриимкон аст, зеро муддати 20 соли ахир ба онҳо ҳамин аммалро талқин карданд.

М.Ҳайит ҳамчунин зикр кард, ки зимни мушоҳидаи як зумра мансабдорон дар кори хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ба ҷуз хушомадгӯйӣ, аз дасти онҳо дигар коре намеояд.

«Мо борҳо шоҳиди супоришҳои ба ин монанди Эмомалӣ Раҳмон гардидем, вале мутаассифона, пас аз ин супоришҳо хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон нисбати сарвари давлат боз ҳам бештар авҷ мегирифт», – гуфт вай.

Ба андешаи ӯ, агар нигаронии ахири сарвари давлат самимӣ бошад, ӯ метавонад хушомадгӯйиву тамаллуқкориро дар сафари аввалини худ ба минтақаҳо аз байн барад.

Ба ақидаи Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон ниёз надорад.

У. Солеҳов бар ин назар аст, ки бидуни хушомадгӯйии мансабдорон ҳам, мардум аз хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба хубӣ огаҳ аст. «Мебояд гуфт, ки менталитети мардуми Шарқ тамоили хушомадгӯйӣ ба мансабдорони сатҳи олии давлатиро доро аст, вале мутаассифона, он баъзан аз ҳадд мегузарад», – гуфт намояндаи ҲХДТ.

Номбурда ҳамчунин мутмаин аст, ки огаҳии сарвари давлат нисбат ба чанде аз мансабдорон оид ба ин масъала ҳатман ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.