Вазорати нақлиёт: Корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» моҳи ноябр анҷом меёбанд

Корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол», ки минтақаи ҷанубу шимоли ҷумҳуриро ба ҳам меайвандад, моҳи ноябри соли равон ба анҷом мерасанд. Зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор кард, ки мутобиқи созишномаи иловагӣ миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати Sangob, ҳамаи корҳо дар иншоот бояд то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расанд. Ба қавли вазир, […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол», ки минтақаи ҷанубу шимоли ҷумҳуриро ба ҳам меайвандад, моҳи ноябри соли равон ба анҷом мерасанд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор кард, ки мутобиқи созишномаи иловагӣ миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати Sangob, ҳамаи корҳо дар иншоот бояд то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расанд.

Ба қавли вазир, сарфи назар аз сардиҳои фасли зимистон, айни замон дар иншооти мазкур зиёда аз 100 нафар бинокорон машғули коранд. «Корҳо дар масофаи беш аз 3 км нақб ба охир расида, ҳамчунин корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун ва рӯшноидеҳ низ идома дорад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли гузашта Эрону Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо барои пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 3 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад. Барои анҷоми пурраи корҳо дар нақб 6 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Он замон дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ гуфта буданд, ки барои иҷрои пурраи тамоми корҳо чор-панҷ моҳ кифоя аст.

Аввали соли гузашта дар Вазорати нақлиёт гуфта буданд, ки тамоми корҳо дар нақб моҳи сентябри соли 2011 – дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ ба анҷом мерасанд.

Нақби панҷкилометраи «Истиқлол» натанҳо муддати тамоми сол робита миёни минтақаи ҷанубу шимоли кишварро таъмин мекунад, балки минбаъд ба роҳ ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ имкон муҳайё хоҳад сохт.

Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Истиқлол» чор сол пеш бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон баргузор шуда бошад ҳам, лекин корҳо сохтмонии он пурра ба анҷом нарасида буданд.

Соли 2010 анҷоми корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ба ӯҳдаи ширкати дигари эронӣ – Sangob вогузор гардид. Ин ширкат ба сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» низ машғул аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.