Ф.Саидов: Вазири маориф бо пешниҳоди мо аз мансаб сабукдӯш шуд

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди агентии мазкур аз мансаб сабукдӯш карда шуд. Ба гуфтаи вай, соҳаи маориф яке аз бахшҳои фасодзадатарини мамлакат боқӣ монда, соли гузашта дар ин бахш 80 ҷиноёти коррупсионӣ ошкор ва маблағҳои буҷетӣ дар […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди агентии мазкур аз мансаб сабукдӯш карда шуд.

Ба гуфтаи вай, соҳаи маориф яке аз бахшҳои фасодзадатарини мамлакат боқӣ монда, соли гузашта дар ин бахш 80 ҷиноёти коррупсионӣ ошкор ва маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,3 млн. сомонӣ барқарор карда шудаанд.

Ф.Саидов таваҷҷуҳи журналистонро ба яке аз далели ошкоршуда дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба Вазорати маориф тобеъ аст, ҷалб намуд. «Дар ҷараёни тафтишот дар ин мактаб ошкор гардид, ки директор ва сармуҳосиб тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 380 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд. Онҳо маблағро ба суратҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида, сипас онҳор ба пули нақд табдил  ва азхуд мекардаанд. Яъне пули кӯдакони ятимро азхуд мекарданд», – афзуд Саидов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.