Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод таъин шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев аз вазифа озод карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Шариф Раҳимзода, ки сарварии Бонки миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Фаррух Ҳамралиев мушовири давлатии Президенти […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев аз вазифа озод карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Шариф Раҳимзода, ки сарварии Бонки миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Фаррух Ҳамралиев мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ таъин гардид.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат сафири Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Тӯрақул Ҳақназаров аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Неъматов Абдукарим ба ин мансаб таъин гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.