Татбиқи 58 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи ҳудуди 2 млрд. $

Ба санаи 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 58 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,86 млрд доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд. Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шӯҳратҷон Раҳматбоев мегӯяд, ин лоиҳаҳо 12 бахши иқтисодро фаро гирифта, аз 20 сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд. «Барои амалисозии лоиҳаҳои зикршуда 57,34%-и захираҳои қарзӣ, 32,68%-и […]

Аваз Юлдошев


Ба санаи 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 58 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,86 млрд доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.

Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шӯҳратҷон Раҳматбоев мегӯяд, ин лоиҳаҳо 12 бахши иқтисодро фаро гирифта, аз 20 сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд.

«Барои амалисозии лоиҳаҳои зикршуда 57,34%-и захираҳои қарзӣ, 32,68%-и воситаҳои бурсӣ масраф гардида, ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ 7,85% ва  воситаҳои ҷудогардида аз ҷониби ширкатҳои давлативу хусусӣ 2,13%-ро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, танҳо дар соли гузашта барои амалисозии 18 лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба сифати сармоягузорӣ 1,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷалб гардид, ки 1,3 млрд. сомонии онро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд. «Аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети давлат 27,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 2,6 млн. зиёд ё 110,5 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.

«Хурсандиовар аст, ки сол аз сол саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Мувофиқи омори расмӣ, то моҳи декабри соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 215ҳазору 78 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2010 – 61041 ё худ 39,6 фоиз зиёд мебошад», – афзуд Ш.Раҳматбоев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.