Хатлон: Худкушии як сарбози қаторӣ

Як сарбози қатории қисми низомии 87740-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мустақар аст, даст ба худкушӣ зад. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» наздикони оилаи фавтида хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 9-уми январ рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, сокини рустои Фурқати ноҳияи Ёвон Мӯҳриддини Шайдулло рухсатӣ гирифта ба хонаашон меояд […]

Сайраҳмон Назриев


Як сарбози қатории қисми низомии 87740-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мустақар аст, даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» наздикони оилаи фавтида хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 9-уми январ рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, сокини рустои Фурқати ноҳияи Ёвон Мӯҳриддини Шайдулло рухсатӣ гирифта ба хонаашон меояд ва дар он ҷо даст ба худкушӣ мезанад. Ҷасадро падари сарбоз дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти манбаъ, модари сарбоз низ ба ин фоҷеа тоб наоварда, рӯзи 16-уми январ аз бемории сактаи дил (инфаркт) ба ҳалокат расидааст. Тибқи иттилои прокуратураи низомии гарнизони Қӯрғонтеппа, айни замон аз рӯйи далели худкушӣ санҷиши прокурорӣ доир шуда истодааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.