Боздошти бародари муовини раиси КДАМ

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Имрӯз Ф.Саидов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала […]

Наргис Ҳамробоева


Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард.

Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Имрӯз Ф.Саидов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сардори шӯъбаи муббориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.

«Айни замон Фаридун Умаров ба ҳабс гирифта шуда, айбнома ба ӯ алҳол пешниҳод нашудааст», – гуфт Саидов ва илова кард, ки «бародар барои амали бародари худ ҷавобгар нест, ба ҳар ҳол, тафтишот қазияро ҳамаҷониба рӯшан хоҳад кард».

Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар иттилоияи худ зикр карда буд, ки агентӣ чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар роҳбарӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои созмонёфтаи нашъаҷаллоб гумонбар дониста мешаванд, ошкор кардааст.

Ному насаби иштирокчиёни дигари гурӯҳро агентӣ дарҳол баён карда буд, вале ному насаби Фаридун Умаров расман имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.