Гумрукчиёни Хатлон аз ширкати «Континентал» 1,7 млн. сомонӣ рӯёниданианд

Раёсати гумруки вилояти Хатлон аз ширкати Континенталь», ки дар ноҳияи Бохтар фаъолият дорад, пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 1,7 млн. сомонӣ барои қонуншиканӣ дар қисми истифодаи таҷҳизоти саноатии ба кишвар воридшуда тибқи тартиби имтиёзноки гумркиро талаб дорад. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Файзалӣ Фозилов хабар дод, ҶСП «Континенталь» дар хориҷи […]

Сайраҳмон Назриев


Раёсати гумруки вилояти Хатлон аз ширкати Континенталь», ки дар ноҳияи Бохтар фаъолият дорад, пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 1,7 млн. сомонӣ барои қонуншиканӣ дар қисми истифодаи таҷҳизоти саноатии ба кишвар воридшуда тибқи тартиби имтиёзноки гумркиро талаб дорад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Файзалӣ Фозилов хабар дод, ҶСП «Континенталь» дар хориҷи кишвар таҷҳизоти бофандагӣ дастрас карда, воридсозии он ба ҷумҳурӣ таҳти қарори ҳукумат дар бораи тартиби имтиёзноки воридот қарор гирифт, яъне аз пардохти боҷи гумрукӣ озод гардид. Аммо мутобиқи ҳамин қарор, агар ширкат дар муддати 4 сол таҷҳизотро дар истеҳсолот насб насозад, ӯҳдадор аст, ки боҷи гумрукиро пардохт намояд.

Ба қавли Ф.Фозилов, ҶСП «Континентал» таҷҳизотро соли 2007 ворид сохта буд, вале то ҳанӯз ба истеҳсолот насб накардааст. «Бо назардошти ин далел, мо ба суд ҷиҳати пардохти 1 млн. 692 ҳазор сомонӣ маблағ даъво пеш овардем ва суд талаботи моро қонеъ кард», – зикр кард Фозилов ва илова намуд, ки барои иҷрои қарори суд таҷҳизотро мебояд ба музояда гузошт.

Ба гуфтаи Фозилов, соли 2011 Раёсати гумруки вилояти Хатлон ба буҷети давлатӣ 151,77 млн. сомонӣ маблағ ворид кардааст, ки нисат ба соли 2010 ба андозаи 28,7% зиёдтар аст. Соли гузашта гумрукчиёни вилоят 661 қонуншиканиҳоро ошкор сохтанд, ки аз рӯйи 655-тои онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба қонуншиканиҳои боқимонда парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.