Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба СҶС ворид шуданист

Date:


Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бар ин назар аст, ки агар Тоҷикистон ҳарчи зудтар қонунгузории худро ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо мутобиқ кунад, ҳамон қадар тезтар ӯро ба ин созмон қабул хоҳанд кард.

«Ҳамааш ба худи мо вобаста аст. Агар мо ҳарчи зудтар ислоҳотҳоро амалӣ созем, моро ҳамон қадар тезтар ба ин узвияти ин созмон хоҳанд пазируфт», – гуфт Назриев зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир Тоҷикистон бобати узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо фаъолона гуфтушунид дорад.

«Дар ин самт гуфтушунидҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар маҷмӯъ бо 32 кишвари ҷаҳон идома доранд, – зикр кард вай. – Аз ҷумла, бо 15 кишвари дунё гуфтушунидҳои дуҷониба идома дошта, алҳол танҳо бо ду кишвар – Чину Ҳиндустон протокол ба имзо расид».

Назриев таъкид кард, ки гуфтушунидҳо бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ин масъала дар арафаи анҷомёбианд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...