Раиси ноҳияи Шаҳритӯс хешовандонашро аз мансаб сабукдӯш кард

Date:


Раиси ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Ҷумъахон Сафаров хешу ақрабои худро, ки дар мансабҳои гуногуни мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа доштанд, аз мансаб сабукдӯш кард.

Ба гуфтаи Сафаров, чор нафар хешовандони ӯ аз вазифа озод карда шуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан раиси ноҳияи Шаҳритӯсро мавриди интиқод қарор дод, ки пас аз ин чунин иқдомот сурат гирифт.

«Бале, интиқоди сарвари давлат нисбат ба ман саривақтӣ буд ва ман ба баъзе камбудиҳо роҳ додам. Акнун ба бартараф намудани он оғоз кардам», – гуфт ӯ.

Номбурда дар идома гуфт: «Ҳар кас метавонад ба чунин камбудӣ роҳ диҳад. Президент саривақт маро огоҳ кард ва ман иштибоҳи худро фаҳмидам. Минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба чунин камбуду норасоиҳо роҳ надиҳам».

Ёдрас мекунем, ки ар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҳукумати кишвар дар соли 2011 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷумъахон Сафаров мавриди интиқоди шадид қарор дода, ба ӯ барои ислоҳи камбуду норасоиҳо 6 моҳ муҳлат дод.

Қобили зикр аст, ки ба мубориза бо непотизм ё худ хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон вазири тозатаъини корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ҳусни оғоз бахшид. Ӯ писари худ Дилшод Раҳимов ва бародараш Раҳмонқул Раҳимовро аз вазифаҳояшон барканор кард. Дилшод Раҳимов корманди шӯъбаи фаврии ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур буда, Раҳмонқул Раҳимов дар вазифаи сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд фаъолият менамуд.

Тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи мубориза бо коррупсия, дар як муассисаву корхона кор кардани пайвандони наздик, ки дар итоати якдигар бошанд, мамнӯъ аст. Тибқи ин қонун, зану шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарону хоҳарон ва қудоҳо хешовандони наздик ҳисоб шуда ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои коррупсионӣ ҳуқуқи дар як идора кор карданро надоранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...